15 Июн 2025 - 13:34
Source: Parstoday
Дар шаби дуввум, чӣ манотиқе зери оташи мӯшакҳо ва паҳподҳои Эрон буд?

Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби гузашта ва бомдоди имрӯз (якшанбе) дар ду мавҷи ҷудогона манотиқи густардае аз саросари арозии ишғолиро бо паҳподу мӯшак ҳадаф қарор доданд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, дар канори ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон, неруҳои мусаллаҳи Яман низ ҳамзамон бо ҳамалоти Эрон, ба самти сарзаминҳои ишғолӣ мӯшак партоб кард.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар ин ду ҳамла шаҳрҳои мухталифи Исроил мисли Ҳайфо, калоншаҳри Тел Авив, Байтулмуқаддас, Бандари Акко, Эйлат, Тверия, Ал Ҷалил, Кирьят Шмона, Тамараҳ мавриди ҳадафи ҳамалоти Эрон қарор гирифтанд.

Бар асоси гузориши расонаҳои исроилӣ, дар минтақаи Тел Авиви бузург низ Бот Ём ва Рахувут дар ҷануби Тел Авив, Натий ва Ҳартезилё дар шимоли Тел Авив ва ҳаволии фурудгоҳи Бен Гурион дар ҷануби шарқи Тел Авив аз манотиқе будаанд, ки зери оташи мӯшакҳо ва паҳподҳои эронӣ қарор гирифтанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha